Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухсатии Барак Обама шурӯъ шудааст


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, нахустин рухсатӣ дар даври дуввуми раёсати ҷумҳуриашро оғоз кард. Ӯ 9 рӯзи истироҳаташро дар ҷазираи Токзори Марфа дар аёлати Массачусетс сипарӣ хоҳад кард. Хонаводаи Обама дар як хонаи 9 утоқие, ки дар шаҳри Чилмарк иҷора гирифтаанд, мемонанд. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, ки ба раиси ҷумҳури Амрико ба таври маъмулӣ доир ба масоили амнияти милливу дохилӣ гузориш хоҳанд дод. Сюзан Райс, мушовири амнияти миллӣ ва Роб Наборс, муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Амрико, аз дигар кормандони Кохи Сафед ҳастанд, ки дар рӯзҳои истироҳат бо Барак Обама хоҳанд буд. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 18 август ба Вашингтон бармегардад.
XS
SM
MD
LG