Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муаллимаи амрикоиро аз Баҳрайн ронданд


Мақомоти Баҳрайн як муаллимаи амрикоиро барои ба қавли мақомот «навиштаҳои тундравона» дар Твиттер ва вебсайтҳои дигар аз он кишвар ихроҷ карданд. Эрин Килбрайд, аз аёлати Мейни Амрикоро аз Баҳрайн рондаанд ва қарор аст, ӯ ҳамин рӯз ба Амрико баргардад. Вазорати мухобироти давлатии Баҳрайн дар баёнияе гуфтааст, ки Эрин Килбрайд бе иҷоза ва бе сабти ном ба ҳайси хабарнигор дар ин кишвар кор кардааст. Ҳамчунин ба гуфтаи вазорати мухобироти Баҳрайн, ӯ дар Твиттер ва вебсайтҳои дигар мақолаҳое нашр кардааст, ки алайҳи ҳукумат ва аъзои хонаводаи шоҳи кишвар нафрат бармеангезад. Баъди тазоҳуротҳои азими шиамазҳабони Баҳрайн алайҳи шоҳи суннимазҳаб, дар ин кишвар саркӯби шадиди дигарандешон шурӯъ шуд. Аксарияти аҳолии Баҳрайн шиамазҳабанд.
XS
SM
MD
LG