Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ҳамлаҳои хунин дар Ироқро маҳкум кард


Ҳукумати Амрико омилони бомбгузориҳои маргбор дар Ироқро башиддат маҳкум карда ва онҳоро “душманони ислом” хонд. Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, бомбгузориҳои хунин дар қаҳвахонаву бозорҳои пуродами Бағдодро “ҳамлаҳои буздилона” ба хонаводаҳое тавсиф кард, ки Иди Фитрро таҷлил мекарданд. Ба гуфтаи мақомоти ироқӣ дар ин ҳамлаҳо дар рӯзи шанбе тақрибан 70 нафар кушта шуданд. Бомбгузориҳо дар Бағдод як ҳафта баъд аз он сурат гирифт, ки аъзои Ал-Қоида бо ҳамла ба зиндоне дар наздикии пойтахти Ироқ садҳо нафар аз ҷангҷӯёнро озод карданд. Ҳукумати Амрико дигарбора таъкид кард, ки дар ивази иттилои арзишманд дар бораи Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ 10 миллион доллар подош медиҳад. Ал-Бағдодӣ, ки дар Сурия паноҳ мебарад, аз соли 2011 то кунун масъулияти як силсила ҳамлаҳо ба Ироқ, аз ҷумла юриши чанде пеш ба зиндони Абуғрайб, бомбгузории интиҳорӣ дар вазорати адлияи Ироқ ва ҳамлаҳои дигарро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG