Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров лагерҳо барои муҳоҷиронро ғайриқонунӣ хонд


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ташкили урдугоҳҳо ва хаймашаҳрҳо барои муҳоҷирон аз сӯи мақомоти Русияро ғайриқонунӣ унвон кард. Дар ин изҳорот, ки дастраси расонаҳо шудааст, омадааст, мақоми ҳуқуқии урдугоҳҳо ё шаҳракҳои муваққатӣ қабл аз ҳама хилофи қонунгузории Русия аст, зеро фаъолияти онҳоро ягон қонун танзим намекунад, аз ин хотир, онҳо бояд ба зудӣ барҳам дода шаванд. Раҳматулло Зоиров ҳамчунин истилоҳи «муҳоҷири ғайриқонунӣ»-ро баҳсангез унвон карда, гуфтааст, ки истифодаи ин ибора дар баробари муҳоҷире, ки қонунӣ ва аз рӯи реҷаи бераводид вориди қаламрави Русия шудааст, аз нигоҳи ҳуқуқӣ нодуруст аст ва пулис, додгоҳ ва Хадамоти муҳоҷирати федералии Русия бидуни ягон далел муҳоҷиронро «ғайриқонунӣ» эълон карда, ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунанд.

Раиси ҲСДТ мегӯяд, аз мақомоти Русия, бахусус пулису ХМФ ва низ ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз тадобири ноҷо бар асоси беназмӣ, бидуни муайян кардани мақоми ҳуқуқии тасмимҳо ҷилавгирӣ кунанд, чун ин ҷо сарнавишти инсонҳо матраҳ аст ва тибқи Сарқонуни ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон, инсон арзиши олитарин шинохта шуда, қавонини байнулмилалӣ ҳам дар ин маврид муроот шаванд.

31 июли соли равон барои нигаҳдории муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар натиҷаи рейди маъмурони амниятии Русия дар бозорҳои Маскав боздошт шуданд, дар минтақаи Голяновои пойтахти Русия урдугоҳҳо ба вуҷуд омаданд. Ҳоло дар ин урдугоҳ 586 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки аксаран шаҳрвандони Ветнам мебошанд. Тибқи иттилои сафорати Русия дар Маскав, дар миёни онҳо 11 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG