Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Душанбе


10-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон таҷлил гардид.

Ба ин муносибат шоми шанбе дар пойтахти кишвар ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, собиқадорони варзиш ва кормандони соҳа баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, варзишгарону мураббиён, собиқадорони варзиш ва кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфт.

Раҳбари соҳаи варзиши кишвар зимни суханрониаш иброз дошт, ки варзишгарони тоҷик иди касбиашонро бо як қатор дастовардҳо таҷлил мекунанд. Чунончи, варзишгарони тоҷик ахиран дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Инчунин тибқи дастуру супоришҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташ бо варзишгарону кормандони соҳа 20-уми декабри соли 2010 баён гардидаанд ва дар доираи татбиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 дар ду соли ахир дар ҷумҳурӣ бо харҷи 250 миллион сомонӣ наздики 2500 иншооти варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст Маликшо Неъматов ба беҳтарин варзишгарону мураббиён ва кормандони соҳа шаҳодатномаҳои унвонҳои фахриву варзишии «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон», «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» , «Устоди варзиши Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ»-ро супурд. Инчунин собиқадорони варзиш бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.

Дар ин ҳамоиш футболбози машҳур Владимир Ғуломҳайдаров, собиқ капитан ва сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, узви дастаи мунтахаби олимпии СССР, ки дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад, ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат дошт. Вай бо даъвати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба зодгоҳаш-Душанбе омадааст. Дарвоқеъ, аз 13-ум то 17-уми август дар майдони нави сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои Ҷоми Владимир Ғуломҳайдаров баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG