Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлае дар Сурия 20 нафар кушта шуданд


Фаъолони мухолифи давлат дар Сурия мегӯянд, дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои давлатӣ ба вилояти Лозиқия дасти кам 20 нафар кушта шудаанд. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи шанбе гуфт, ҳавопаймоҳои артиш шаби гузашта, шаҳри Салмаи вилояти мазкурро ҳадаф гирифтанд. Нерӯҳои Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, бисёре аз манотиқи марказӣ ва ҷанубии кишварро дар даст доранд, вале манотиқи шимолии наздик ба марзи Туркия ва дараи Фурот дар тасарруфи шӯришиён аст. Созмони Милал мегӯяд, дар ҷанги 28-моҳаи Сурия, то кунун бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шудаанд ва 1 миллиону 700 ҳазор нафар аз он кишвар фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG