Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

edX: Дипломи Ҳарвард, вале ройгон ва аз хона


Вебсайти Эд Экс ё edX шояд дар нигоҳи аввал як торнамои маъмулии омӯзишӣ ба назар биёяд, аммо шояд ҳам бароятон ҷолиб бошад, бидонед, ки мумкин аст, дар оянда таҳсили олии ройгон барои ҳама аз инҷо шурӯъ шавад.

Вебсайти edX бо кӯмаки донишгоҳҳои мӯътабаре ба мисли Ҳарвард, дарсу курс ва давраҳои омӯзишии гуногуне баргузор мекунад. Ҳар донишгоҳ, мисли донишгоҳи технологии Массачусетс ё донишгоҳи Берклӣ дар Амрико дарсҳои худро аз тариқи ҳамин сайт ба алоқамандон пешниҳод мекунанд.

Вижагиҳои мушаххаси торнамо ҳам ин аст:

Шумо бо як имейл дар он сабти ном мекунед ва дарси мавриди назарро интихоб карда ва он дарсро аз бар мекунед. Кофӣ аст, иртиботи интернетӣ дошта бошед ва тамом, ҳеҷ пуле ҳам аз шумо намехоҳанд ва ҳеҷ кори дигаре ҳам набояд анҷом диҳед.

Дар поёни ҳар давраи омӯзишӣ edX ба шумо сертификати марбутаро медиҳад. Барои мисол, агар шумо дар давраи омӯзишии “Чолишҳои гармоиши курраи Замин ва тағйироти обу ҳаво” ширкат кунед, ки донишгоҳи технологии Массачусетс пешниҳод мекунад, дар поёни давра ва дар сурати муваффақият гувоҳиномаи донишгоҳ дар мавриди поёни давраро дарёфт хоҳед кард.

Масъалаи ҷолиби дигар дар Эд Экс навъи омӯзиш дар он аст. Дар ҳоли ҳозир сайтҳои дигаре ҳаст, ки дарсҳои донишгоҳҳоро ройгон пешниҳод мекунанд. Барои мисол, донишгоҳи Йел (Yale University) тамоми дарсҳои худро рӯи саҳифаи худ дар Ю Тюб мунташир мекунад ва ҳама метавонанд, ройгон аз он истифода баранд.

Аммо edX фақат матну видео ироа намекунад. Ҳама чиз ҳаст, ҳам видео, ҳам график ва инфографику омор ва ҳам матну форум, ё толори гуфтугӯи фаъол, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ёдгирии он хаттӣ нест. Яъне устод ва донишҷӯ нест ва ҳама саъй мекунанд, ба ҳам ёд дода ва ба донишҳои якдигар изофа кунанд.


Мактабҳои ҳамкори edX
Мактабҳои ҳамкори edX
Дар бахши муаррифии ин вебсайт ҳам омадааст, ки аҳдофи edX, омӯзиш барои касби даромад нест, балки пешниҳоди манобеъи озоди омӯзиш барои ҳама аст. Маркази вебсайти Эд Экс дар Кембриҷ ва Массачусетс буда ва роҳандозиву мудирияташро донишгоҳи технологии Массачусетс ва Ҳарвард бар ӯҳда дорад.

Ананд Агравал, раиси донишгоҳи маҷозии Эд Экс ва масъули умури омӯзиш ва таҳқиқи Донишгоҳи Технологии Массачусетс, дар мусоҳибае гуфтааст, ҳайф аст бо доштани абзоре мисли Интернет, донишу омӯзиш баста ва инҳисорӣ бимонад. Ҳама дар ҳар ҷойи ҷаҳон бояд ин ҳақро дошта бошанд, ки аз беҳтарин омӯзишу таълим баҳраманд шаванд.

Дар ҳоли ҳозир, баҳсу гуфтугӯҳои ҷиддӣ дар бораи таҳаввули омӯзиш дар донишгоҳҳо идома дорад. Бархе аз коршиносони арсаи маориф мегӯянд, модели омӯзишии донишгоҳу мактабҳо ҷавобгӯи талаботи замон нест. Ананд Агварал умедвор аст, шеваи омӯзишии Эд Экс фарогир шуда ва битавонад, шабакаи навине аз омӯзиши маҷозиро поягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG