Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 200 ҷангҷӯи Толибро куштанд


Вазорати дифоъи Афғонистон мегӯяд, дар амалиёти дуҳафтаина дар шарқи кишвар бештар аз 200 ҷангҷӯи Толибро кушта ва ё боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорат, дар ин амалиёти васеъмиқёсе, ки рӯзи 25 июл шурӯъ шуд, 11 сарбози афғон ҳам талаф шудаанд. Ҷангҳои шадид дар ноҳияи Азрои вилояти Лугар ва ноҳияи Ҳисораки вилояти Нангарҳор ба вуқӯъ пайвастаанд. Зоҳир Азимӣ афзуд, дар ҷараёни амалиёт, теъдоде аз ҷангҷӯёни арабу чечен ва покистониро, ки дар канори Толибон меҷангиданд, куштанд ва ё боздошт карданд. Бо тарки тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014, нерӯҳои афғонӣ масъулияти таъмини амниятро худашон бар ӯҳда мегиранд.
XS
SM
MD
LG