Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Халабонҳои Туркия ҳанӯз дар асорати одамрабоёнанд


Ду халабони ширкати Туркиш Эйрлайнз, ки дирӯз аз назди фурудгоҳи Бейрут рабуда шуданд, ҳанӯз дар асорати одамрабоён ҳастанд. Ин афроди мусаллаҳ мехоҳанд, 9 шиамазҳаби лубнонӣ, ки дар асорати шӯришиёни Сурия ҳастанд, озод карда шаванд. Ба гуфтаи одамрабоён, он 9 нафар ҳангоми зиёрати маконҳои муқаддаси Сурия ба дасти шӯришиён афтодаанд. Бино ба гузориши матбуоти Лубнон, як гурӯҳи ношиноси Зувар ал-Имом Ридо, масъули рабудани халабонҳои туркро бар ӯҳда гирифтааст. Гурӯҳҳои шиамазҳаби Лубнон аз ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҳимоят мекунанд. Аммо суннимазҳабони Лубнон ва ҳамчунин Туркия тарафдори шӯришиёни Сурия ҳастанд, ки аксарият суннимазҳабанд.
XS
SM
MD
LG