Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико муносиботаш бо Русияро арзёбӣ мекунад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, кишвараш бо ҳадафи арзёбӣ дар муносибот бо Русия таннафус мегирад. Барак Обама рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарие дар шаҳри Вашингтон гуфт, саъй кардааст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ташвиқ намояд, ки дар муносибот бо Амрико на ба гузашта, балки ба оянда нигоҳ кунад. Барак Обама аз ин пештар аз мулоқоти як ба як бо Владимир Путин даст кашид. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, дар замони раёсати ҷумҳурии Дмитрий Медведев, муносиботи ду тараф андаке беҳбуд ёфт, аммо бо баргаштани Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳур мушкилоти нав зуҳур кардаанд, аз ҷумла дар масъалаи ҷанг дар Сурия, ҳуқуқи инсон ва қонунҳо алайҳи ҳамҷинсгароён дар Русия. Ҳукумати Русия ҳамчунин бо ҳаққи паноҳандагӣ додан ба Эдвар Сноуден, маъмури собиқи иттилоотии Амрико хашми ин кишварро барангехт. Дар Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд, Эдвард Сноуденро барои ифшои асрори давлатӣ муҳокима кунанд.
XS
SM
MD
LG