Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолияти ширкати "7 бурҷ"


Додситонии кулли Тоҷикистон амр кардааст, ки фаъолияти ширкати «7 бурҷ» дар қаламрави кишвар мутаваққиф карда шавад. Парвандаи ин ширкат ба додгоҳи иқтисодӣ фиристода шудааст, ки ҳукми ниҳоиро содир кунад.

Амри додситонии кулли Тоҷикистон дар заминаи боздоштани фаъолияти ширкати "7 бурҷ" рӯзи ҷумъаи 9 август дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт.

Додситони кулли Тоҷикистон амри худро унвонии раҳбарияти ширкати «7 бурҷ» ба таърихи 18 июл фиристодааст, ки дар он сабаби боздоштани фаъолияти ширкат нақзи қавонини кишвар унвон шудааст.

Ба таъкиди додситонии кулл, бо он ки ҳама амалиётҳои бонкӣ дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус муомилоти пулӣ бо асъори миллӣ, яъне сомонӣ амалӣ мешавад, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ ҳама фаъолиятҳои ширкат бо доллар ба роҳ мондааст.

Муштариёни ширкати «7 бурҷ» низ хабари боздошта шудани фаъолияти ширкатро тасдиқ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар асоси амри додситонӣ се ҳафта аст, ки фаъолияти ширкат боздошта шуда, ҳисобҳои бонкӣ баста шудааст ва онҳо наметавонанд маблағҳояшонро бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки ҳудуди 1010 намояндаи мустақили ширкати «7 бурҷ» бо як нома унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагони ва додситони кулл, хостаанд, ки ба қазияи онҳо расидагӣ шавад.

Ба гуфтаи муштариёни ширкат, ҳоло танҳо аз ҷониби Маҷлиси миллӣ посух омадааст, ки дар он ҳам аз додситонии кулл хоста мешавад, қазияро мавриди баррасӣ қарор бидиҳад.

Муштариён мегӯянд, ҳоло интизори посухи мақомот ва ҳукми додгоҳ ҳастанд ва умедворанд масъала ба манфиати онҳо ҳал хоҳад шуд.

Ширкати «7 бурҷ» аз 25 январи соли 2011 расман ба фаъолият шурӯъ кардааст ва ҳудуди 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муштарии ин ширкат мебошад.

Фаъолияти ширкат ба тариқи тиҷорати шабакавӣ ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағҳое дар ҳаҷми 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар вориди ширкат мешаванд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месозанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоварданд. Тӯли дуюним соли фаъолияташ ширкат ба давлат 700 ҳазор сомонӣ андоз супурдааст.

Ҳамзамон ба онҳо хидматрасониҳои иловагие, аз қабили омӯзиши курсҳои комютерӣ, ронандагӣ, маҳорати сарварӣ, тиҷорат ва дарси забони англисӣ низ расонида мешуд.

Масъулонаш мегӯянд, ширкати «7 бурҷ» ба истеҳсоли маҳсулот низ машғул аст ва дар яке аз коргоҳҳои Олмон истеҳсоли уребчаҳо (памперс)-ҳоро бо номи «Лоло» ба роҳ мондааст.

Аммо додситонии кулл бо содир намудани амр талаб кардааст, ки ба доду гирифт ва интиқоли маблағҳо ба хориҷи кишвар хотима дода, барои бозпас гардонидани маблағҳои аз шаҳрвандон ҷамъ овардашуда тадбирҳо андешида шавад.
XS
SM
MD
LG