Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лубнон ду халабони “Turkish Airlines” -ро рабуданд


Туркия ба шаҳрвандони худ ҳушдор додааст, ки ба Лубнон сафар накунанд ва туркҳое, ки дар Лубнон қарор доранд ба ватанашон баргарданд. Ин ҳушдор дар ҳоле пахш шудааст, ки рӯзи ҷумъа дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бейрут ду халабони ширкати ҳавоии “Turkish Airlines” тавассути афроди мусаллаҳ рабуда шудаанд.

Ин ду нафарро аз автобусе, ки халабонон ва мусофиронро аз меҳмонсаро ба фурудгоҳ интиқол медод, пиёда кардаанд ва ба самти номаълум бурдаанд.

Матбуоти Лубнон навиштааст, ки гурӯҳе бо номи Зуввар ал Имом Ридо масъулияти ин одамрубоиро бар уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ду халабони Туркия вақте раҳо хоҳанд шуд, ки агар 9 зоири шиаи лубнонӣ аз асорат дар Сурия раҳо шаванд.

Туркия аз шӯришиёни Сурия ҳимоят мекунад, вале шиаҳои Лубнон аз режими Башор Асад ҷонибдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG