Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Ҳанӯз Амрикову Русия бо ҳам "манофеи муштарак" доранд


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, ки кишвараш ҳанӯз ҳам бо Русия “манофеи муштарак” дорад, бо вуҷуди он ки муносиботи ин ду кишвар сард шудааст. Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа дар Вашингтон дар оғози мулоқот бо вазирони корҳои хориҷа ва дифои Русия гуфт, ки равобити ин ду кишвар “марҳилаи имтиҳонӣ”-ро аз сар мегузаронад.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, ки “мо бояд чун бузургсолон бо ҳам кор кунем ва ин корест, ки мо анҷом медиҳем ва умедворем, ки он дуҷониба бошад”.
Дар ин мулоқот Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико ва Сергей Шойгу-вазири дифои Русия низ ширкат доштанд. Дар ин мулоқот вазъ дар Афғонистон, Эрон, Кореяи Шимолӣ ва нақшаҳои Амрикову Аврупо роҷеъ ба сипари дифои зиддимушакӣ баррасӣ шуд. Русия ба иҷоди сипари дифои зиддимушакӣ дар Аврупо комилан мухолиф аст.

Ахиран баъд аз додани ҳақи паноҳандагӣ ба Эдвард Сновден- корманди пешини қарордодии Ожонси кашфи Амрико муносиботи ин ду кишвар ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG