Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарвоз. Ғарқ шудани 3 хоҳарон дар дарёи Панҷ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи аз баландии 9 метр ба дарёи Панҷ сарозер шудани «Мерседес», се зан ғарқ шуданд ва ҷасадҳои онҳо мавриди кофтукоб қарор дорад. Дафтари мабуоти ВКД рӯзи 9-уми август иттилоъ дод, ки рӯзи панҷшанбе ронандаи автомашинаи «Мерседес» Сайдалӣ Назмишоев, сокини шаҳри Душанбе ҳамроҳи 4 нафар мусофирон дар мавзеи «Содроғ»-и деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвоз бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, аз баландии 9-метр ба дарёи «Панҷ» сарозер шудааст. Аммо ронанда Сайдалӣ Назмишоев бо мусофири дар паҳлӯяш буда Неъматулло Давлатов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар лаҳзаи сарозер шудани мошин худро ба берун мекашанд ва ҷон ба саломат мебаранд. Вале мусофирони дигар хоҳарон Сафармоҳ Давлатоваи 38 сола, Малика Давлатоваи 46-сола сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва Бибимо Давлатоваи 37-сола, сокини ноҳияи Ҳисор дар дохили мошин ба дарё ғарқ шудаанд, ки барои пайдо намудани ҷасади онҳо гурӯҳи наҷотбахши Шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия машғули ҷустуҷӯ мебошанд.
XS
SM
MD
LG