Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия хостааст манъи содироти Рошен тавсеа ёбад


Шириниҳои Рошен дар яке аз фурӯшгоҳҳои Украина

Шириниҳои Рошен дар яке аз фурӯшгоҳҳои Украина

Муассисаи нозири ҳуқуқи муштариён ё худ Роспотребнадзор аз Қазоқистон хостааст, ки воридоти шириниҳои ширкати украинии Рошенро манъ кунад.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон мегӯяд, феълан шириниҳои Рошен тафтиш шудаанд ва рӯзҳои наздик қароре дар бораи воридоти маҳсулоти ин ширкат эълон хоҳад шуд.

29-уми июл Русия воридоти шириниҳои ширкати Рошенро манъ кард. Ба қавли Роспотребнадзор дар шоколади Рошен модаи бензопирен ташхис шудааст, ки барои инсон зарар дорад. Аммо ширкати украинӣ айбномаи Роспотребнадзорро беасос номидааст.

Мақомоти Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Тоҷикистон ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки маҳсулоти Рошенро таҳқиқ мекунанд. Тибқи маълумоти пешакӣ муфаттишон дар шириниҳои Рошен ягон маводи хатарнок пайдо накардаанд.

Рошен дар баробари содирот ба ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ молашро дар Канада, Олмон, Исроил ва ИМА низ ба фурӯш мебарорад.
XS
SM
MD
LG