Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон ҷудоихоҳонро ба музокирот даъват кард


 Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ

Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ

Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ мегӯяд, Гурҷистон ба музокироти мустақим бо бародарони осетинӣ ва абхозӣ омодааст.

Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Горӣ дар як маросим бахшида ба панҷумин солгарди ҷанг миёни Гурҷистону Русия Иванишвилӣ гуфт, Гурҷистон бояд гуноҳҳоро бубахшад ва хатоҳояшро эътироф кунад.

Ӯ нагуфт, ки гуноҳҳои кӣ бояд бахшида шаванд ва хатоҳои кишвараш аз чӣ иборатанд?

Ба қавли Иванишвилӣ ки кишвараш бояд равобит бо Русияро беҳбуд бахшида, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро ба тасарруфи Гурҷистон баргардонад.

Дар ҷанги панҷрӯзаи соли 2008-ум Русия нерӯҳои гурҷиро аз манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон берун бароварда, истиқлоли онҳоро эътироф кард.

Ҳоло сарбозони Русия дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG