Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониҳои ҳамлаи атомӣ дар Нагасакӣ


Рӯзи ҷумъа дар Нагасакии Япония ва ё Ҷопон маросими ёдбуди 68-умин солгарди ҳамлаи атомӣ ба ин шаҳр доир шуд.

Соати 11-у ду дақиқаи вақти маҳаллӣ, яъне ҳамон лаҳзае, ки ҳавопаймои амрикоӣ болои ин шаҳр бомбаи атомиро партофта буд, дар саросари Нагасакӣ зангулаҳо садо доданд.

Шоҳидони ҳамлаи атомӣ, хешовандони онҳо, мансабдорони давлатӣ ва меҳмонони хориҷӣ ба ёди 70 ҳазор қурбонии таркиши атомӣ як дақиқа хомӯш истоданд.

Мири Нагасакӣ Томиҳиса Тау аз раҳбарони ИМА ва Русия Барак Обама ва Владимир Путин дархост намуд, ба зудтарин фурсат захираи аслиҳаи ҳастаиро коҳиш диҳанд.

Се рӯз пеш аз ҳамлаи атомӣ болои Нагасакӣ, яъне 6-уми августи соли 1945 ИМА болои шаҳри Ҳирошимаи Япония ҳам бомбаи атомӣ партофта буд.
XS
SM
MD
LG