Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши радиои "Имрӯз" дар шаҳри Хоруғ


Имрӯз 9-уми август нахуст радиои мустақили сирф тоҷикӣ, радиои «Имрӯз» дар шашумин солгарди таъсисёбӣ барномаҳои худро дар шаҳри Хоруғ роҳандозӣ кард. Назири Нусрат, мудири барномаҳои радиои «Имрӯз», имрӯз ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун барномаҳои радиои мазкур дар шаҳри Хоруғ рӯи мавҷи 107,4 FM шунида мешавад ва имрӯз соати 9-и субҳ аввалин барномаҳои ин радио пахш шуд. Назири Нусрат ҳамчунин гуфт, ки то ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар манотиқи Кӯлоб ҳам барномаҳои радиои «Имрӯз» таъмин карда мешавад.

То ҳол радиои «Имрӯз» дар шаҳри Душанбе рӯи мавҷи кӯтоҳи 107,4 FM ва дар минтақаи вилояти Суғд рӯи мавҷи 103 FM барномаҳои худро пахш мекард. Радиои «Имрӯз», нахустин радиои мустақили тоҷикист, ки 9-уми августи соли 2007 ба фаъолият шуруъ кард. Ин радио ҳамарӯза 24 соат барномаҳои таҳлилӣ, хабарӣ ва тафреҳӣ бахш мекунад.
XS
SM
MD
LG