Пайвандҳои дастрасӣ

Пости худсаронаи пулис дар "Олимтой"-и Восеъ


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рафтори чанде аз кормандони милитсия, ки ду рӯз қабл иди Фитр содир кардаанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки рӯзҳои 6-ум ва 7-уми август дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ, кормандони милитсияи маҳаллӣ, ба таври худсарона ва беиҷозати роҳбарияти вазорат дидбонгоҳ ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ беасос манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд. Ин амали кормандони ҳифзи ҳуқуқ, боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи иди Фитр гардидааст. Манбаъ гуфт, ки ҳамакнун вазорат барои муайан намудани маъмурони пулис ва ба ҷавобгарии интизоми кашидани онҳо, комиссия ташкил намуда ва рафти санҷиши мазкурро бевосита вазири умумри дохилӣ зери назорат дорад.
XS
SM
MD
LG