Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор нафар аз сӯи қотиле дар Техаси Амрико


Дар аёлати Техаси Амрико як марди мусаллаҳ чаҳор нафарро ҳадафи тир қарор дод ва чаҳор каси дигар маҷрӯҳ кард. Ба иттилои ҳанӯз тайиднашуда, дар ин ҳодиса дӯстдухтари ин ҷиноятпеша ҳам кушта шудааст.

Маъмурони полис хабар доданд, ки гумонбар Эрбӣ Баузер шоми чаҳоршанбе дар шаҳраки ДеСото, воқеъ дар наздикиҳои Даллас дастгир шудааст. Дар ду ҳамла ба одамон дар Даллас ва ДеСото ӯ аввал як ё чанд норинҷак андохта сипас ба тирпарронӣ шурӯъ кардааст. Дар бораи худи Эрбӣ Баузер то ҳол иттилое нашр нашудааст.
XS
SM
MD
LG