Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бозори Ясенево ҳам муҳоҷирон боздошт шуданд


Полиси Маскав рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни як амалиёт дар бозори минтақаи Ясенево беш аз 260 нафар, асосан муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва Қафқози шимолиро боздошт кард. Дар ин бозор як меҳмонхонаи ғайриқонунӣ ошкор гардид.

Бо дастури додситонӣ, ҳама дуконҳои бидуни аснод баста шуданд. Бархе аз дуконҳои муваққатӣ аз байн бурда шуданд.

Аз ин пештар ваколатдори ҳуқуқи башари Русия Владимир Лукин изҳор намуд, ки дар қароргоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Голяново тақрибан 20 нафар бо маризии номаълум мубтало шудаанд. Айни ҳол дар ин қароргоҳ 580 нафар нигаҳ дошта мешаванд, ки 560 нафарашон шаҳрвандони Вйетнаманд.
XS
SM
MD
LG