Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти бомбгузории маргбор дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари таркише дар як оромгоҳ дар шарқи кишвар 14 нафар аъзои як оила кушта шудаанд. Ҳодиса ҳангоми зиёрати гӯристоне дар ноҳияи Ғанихел дар вилояти Нангарҳор ба вуқӯъ пайвастааст. Маъсумхон Ҳошимӣ муовини сардори пулиси маҳаллӣ гуфт, 7 зану 7 кӯдак бар асари таркиш кушта ва се тани дигарашон маҷрӯҳ шудаанд. Ҳодиса дар рӯзи Иди Рамазон рух дод, ки дар ин рӯз мардум барои фотиҳахонӣ ба гӯристонҳо мераванд. Касе масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст. Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон дар паёми идонааш, бобмгузориро маҳкум карда ва Толибон хост, ба музокироти сулҳ дар кишвар бипайванданд.
XS
SM
MD
LG