Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабе 30 нафарро дар Покистон кушт


Як бомбгузори маргталаб дар маросими дафне дар Покистон дасти кам 30 нафарро кушт. Ба гуфтаи мақомоти пулис, дар ин ҳодиса дар шаҳри Кветта маркази Вилояти Балуҷистон, 50 нафари дигар захмӣ шудаанд. Аксарияти қурбониёни ҳамлаи интиҳорӣ афсарони пулис ва аз ҷумла Фаёз Сумбал, сардори амалиётҳои пулис дар шаҳри Кветта будааст. Афсарони пулис дар маросими дафни як ҳамкорашон ширкат доштаанд, ки ӯро чанд рӯз пеш дар ҳамин шаҳр кушта буданд. Касе масъулияти ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст, аммо Балуҷистон яке аз вилоятҳои ноороми Покистон аст, ки дар онҷо Толибону, гурӯҳҳои ҷудоихоҳу, тундрав паноҳ мебаранд.
XS
SM
MD
LG