Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Нангарҳор 10 нафарро кушт


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари таркише дар як оромгоҳ дар шарқи кишвар дасти кам 10 нафар кушта шудаанд. Шоҳидони ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса ҳангоми зиёрати гӯристоне дар ноҳияи Ғанихел дар вилояти Нангарҳор ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳазрат Ҳусейн Машриқивол, сухангӯи пулиси Нангарҳор вуқӯъи таркишро таъйид кард ва гуфт, ки чанд нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд. Ҳодиса дар рӯзи Иди Рамазон рух дод, ки дар ин рӯз мардум барои фотиҳахонӣ ба гӯристонҳо мераванд. Касе масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG