Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия иддао дар бораи ҳамла ба Асадро рад кард


Вазири иттилооти Сурия гузоришҳо дар бораи бархӯрди мушак ба корвони мошинҳои раиси ҷумҳур Башор Асадро рад кард. Таҳрир ал-Шом як воҳиди шӯришиёни Артиши Озоди Сурия рӯзи панҷшанбе гуфт, мошинҳои Башор Асад ҳангоми ҳаракат ба самти масҷиде дар ноҳияи Мулкии шаҳри Димишқ, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Бино ба гузоришҳои дигар, мушакҳо дар ин ноҳия, ки нерӯҳои амниятӣ муҳосира карда буданд, суқут карданд. Вале Умрон Зӯъбӣ, вазири иттилооти Сурия, гуфт, «тамоми ин хабарҳо комилан ҳақиқат надорад» ва телевизиони давлатӣ Башор Асадро намоиш дод, ки дар масҷиди Анас бин Молики ноҳияи Мулкӣ намоз мегузошт. Воҳид Сағар, як узви мухолифони давлати Сурия ба телевизиони давлатии Сурия гуфтааст, мумкин аст, Башор Асад дар мошинҳои дигар буд, на мошинҳое, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG