Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саакашвилӣ: "Путин муомиларо напазируфт"


Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфтааст, дар остонаи ҷанг бо Русия дар панҷ соли пеш бо пешниҳоди муомилае хостааст, аз ин муноқиша пешгирӣ кунад, аммо нашудааст. Михайил Саакашвилӣ дар остонаи панҷумин солгарди ҷанги кишвараш бо Русия дар мусоҳибае бо телевизиони Рустави-2 гуфтааст, ба Маскав пешниҳод кардааст, дар сурати кӯмакаш дар масъалаи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, аз қасди пайвастан ба НАТО даст мекашад. Аммо Владимир Путин ин пешниҳодро напазируфтааст. Раиси ҷумҳури Гурҷистон мегӯяд, моҳи феврал ва қабл аз ҷанг, дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав ба Владимир Путин чунин пешниҳод кард ва ингуна ҷавоб гирифт: "Путин ҳатто як дақиқа ҳам фикр накард, хандид ва гуфт, “Мо қаламравҳои шуморо бо самтгириҳои геополитикиатон иваз намекунем. Яъне, мо қаламравҳои шуморо пора-пора мекунам, чизе ки ҳоло Медведев гуфт."
Русия дар ҷанги панҷрӯзаи соли 2008 нерӯҳои Гурҷистонро аз қаламрави Осетияи Ҷанубӣ берун кард ва бо хотимаи ҷанг, ин минтақаҳои ҷудоихоҳро ҳамроҳ бо Абхозистони Гурҷистон ба ҳайси кишварҳои мустақил ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG