Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Сноуден аз амалкардҳои писараш ҳимоят кард


Падари Эдвард Сноуден, маъмури собиқи иттилоотии Амрико, мегӯяд, бовар надорад, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба фишори Амрико тан дода ва писарашро ба Иёлоти Муттаҳида истирдод мекунад. Лон Сноуден дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерз сухан гуфтааст. Эдвард Сноуден чанде пеш барномаҳои азими ҷосусии Иёлоти Муттаҳида дар Интернетро ошкор кард ва Амрико мехоҳад, ӯро барои ин кораш муҳокима кунад. Аммо Русия ба ӯ барои як сол ҳаққи паноҳандагӣ дод ва Лон Сноуден гуфтааст, ки барои ин ҷасораташ ба Владимир Путин эҳтиром мегузорад. Эдвард Сноуден, рӯзи 23 июн вориди Маскав шуд ва қабл аз гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ дар Русия панҷ ҳафтаро дар фурудгоҳ сипарӣ кард. Лон Сноуден гуфтааст, умедвор аст, ба зудӣ ба Русия рафта, писарашро бубинад. Ӯ бо ҳимоят аз амалкарди Эдвард гуфтааст, писараш қонуншиканиҳои воқеъӣ аз тарафи ҳукумати Амрикоро ошкор кардааст.
XS
SM
MD
LG