Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба узви Луя Ҷиргаи Афғонистон аз камин ҳамла бурданд


Дар вилояти Ғазнии Афғонистон тундравҳо аз камин ба мошини хонум Роҳгул Хайрзод ҳамла бурданд ва вайро захмӣ карданд. Вай як ҷо бо аъзои хонаводаи худ бо мошин аз Кобул ба вилояти худ Фароҳ меомад.

Дар ин ҳодиса ҳамчунин шавҳар, писар ва духтари ширхораи вай ҷароҳат бардоштаанд. Шавҳари вай дар ҳолати сангин қарор дорад ва барои дарёфти кӯмаки тиббӣ ба пойгоҳи низомии хориҷӣ интиқол дода шудааст.

Хонум Хайрзод узви Луя Ҷирга ё Маҷлиси Болоии порламони Афғонистон мебошад. Ғазнӣ ҷоест, ки Толибон ҳузури фаъол доранд ва гаҳ-гоҳ ба чунин ҳамлаҳо дар роҳҳо даст мезананд.
XS
SM
MD
LG