Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар моҷарои сокинони Сибир ва тоҷикон як нафар кушта шуд


Мақомоти интизомии Русия ҷустуҷӯи шахси аслии гумонбареро эълон кардаанд, ки сабаби моҷарои шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони шаҳри Арамили Сибир шудааст. Дар ин моҷаро як коргари сохтмон аз ҳавзаи Красноярск кушта шудааст.

Дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд. Артём Мангиев-бозраси аршади ноҳияи Сисерт ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки то ҳол маҳали иқомати гумонбари аслии ин задухурд маълум нест.

Бозрасон ва мақомоти интизомӣ чандин роҳи фирори вайро зери назорат гирифтаанд ва мегӯянд, ки имкони фирори вай ба хориҷа вуҷуд надорад. Дар ин задухур 8 нафар сокинони маҳаллии Сибир ва 12-14 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат доштаанд. Задухурд дар беруни яке аз қаҳвахонаҳо сар задааст.

Баъд аз задухурд муҳоҷирон дар се мошин ба самти номаълум фирор кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин муҳоҷирон дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ иқомат мекардаанд.
XS
SM
MD
LG