Пайвандҳои дастрасӣ

Кремл аз таъхир дар сафари Обама ба Маскав нороҳат аст


Маскав аз тасмими Барак Обама барои мутаваққиф сохтани сафараш ба Маскав дар аввалҳои моҳи сентябр изҳори нороҳатӣ кард. Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, рӯзи чаҳоршанбе, 7 июл гуфт, ки бо вуҷуди ин Маскав барои пазироӣ аз Обама ва баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба омода аст.

Аз ин пеш Кохи Сафед хабар дод, ки ба далели набудани пешрафт дар робитаҳои миёни ИМА ва Русия дар мавриди ба таъхир гузоштани сафари расмии Обама ба Маскав тасмим гирифта шуд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби G20 - нишасти сарони бист кишвари пешрафтаи олам дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, мулоқоти алоҳида нахоҳад дошт. Ба иттилои расонаҳо, ин тасмим аз як сӯ, бо ироаи паноҳадагӣ ба корманди собиқи қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико ЭдвардСноуден ва аз сӯи дигар, бо болоравии сатҳи нақзи ҳуқуқи башар дар Русия бастагӣ дорад.

Шоми сешанбе Барак Обама дар мусоҳиба бо шабакаи NBC тайид кард, ки дар G20 дар Санкт-Петербург ширкат мекунад, ҳарчанд аз тасмими Маскав барои дифоъ аз Сноуден сахт нороҳат аст.

Вашингтон аз Маскав хостори истирдоди Эдвард Сноуден ба Амрико шудааст – корманди пешини хадамоти кашф дар ҷосусӣ ва ифшои иттилоъ дар бораи барномаи махфии ИМА айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG