Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 60 мухолифи мусаллаҳ дар задухӯрди Адра


Дар Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар задухӯрд бо нерӯҳои ҳукуматӣ 60 тан аз мухолифини мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё мустақаранд, ошӯбгарон дар канори шаҳри Адра, воқеъ дар 30-километрии шимолу шарқи Димишқ, ба муҳосираи нерӯҳои пуштибон аз Башор Асад уфтоданд. Гуфта мешавад, ки дар ин задухӯрд теъдоди зиёди наврасон ҳам ҷон бохтаанд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории давлатии SANA навиштааст, кушташудагон аъзои гурӯҳи “Ҷабҳаи ал-Нусра” буданд ,ки бо “Ал-Қоида” пайванд дорад.

Дар шаҳри Ҳалаб, воқеъ дар шимоли Сурия ҳам рӯзи чаҳоршанбе задухӯрдҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Як рӯз пеш ба мухолифини мусаллаҳ муяссар шуд, ки пойгоҳи бузургии ҳавоии “Маннаҳ”-ро таҳти назорати худ қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG