Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Парвоз» дар бозии санҷишӣ


Тими "Истиқлол" дар Қайроқум

Тими "Истиқлол" дар Қайроқум

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ дар доираи омодагии дастаҳо ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум барпо гардид. Бояд гуфт, ин аввалин бозии «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Олег Ширинбеков ба шумор мерафт.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол», бо маслиҳати мураббиёни ҳарду даста бозӣ аз се қисми 20-дақиқаӣ иборат буд. Бозигарони нави даста ба «Истиқлол» пирӯзӣ оварданд. Нимҳимоятгар Глаубер Да Силва, легионер аз Бразилия, дар дақиқаи 6-ум тӯби дар ҷаримагоҳ ба ӯ ҳавододаи ҳамватанаш Виллер Соузаро бо сар вориди дарвозаи «Парвоз» карда, ҳисобро кушод.

Голи дувумро ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол”, дар дақиқаи 54-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии дигари санҷишии «Истиқлол» дар ҷараёни ҷамъомадии таълимиву тамринии даста дар Қайроққум рӯзи 10-уми август бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG