Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВСИОМ: Теъдоди мухолифони муҳоҷирон афзоиш ёфтааст


Амалиёти мақомоти полис ва Хадамоти муҳоҷирати Русия алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе дар бозори “Садовод” бо боздошти беш аз ҳазор нафар поён ёфт. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Фақат дар шӯъбаи полиси Вихино, ба иттилои Иброҳим Аҳмадов, беш аз 30 муҳоҷири тоҷик нигаҳ дошта мешаванд.

Мусоҳиби мо афзуд, дар пайи амалиёти полис ва Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Долгопрудний, ки рӯзи сешанбе доир шуда буд, бо ҳукми додгоҳ 26 нафар, аз ҷумла, 14 шаҳрванди Тоҷикистон бояд аз Русия ихроҷ шаванд. Дар ин шаҳр дар маҷмӯъ 600 нафар боздошт шуда буданд ва 200 нафар, аз ҷумла, тақрибан сад шаҳрванди Тоҷикистон баъд аз тартиб додани протоколи нақзи қонун ва пардохти ҷарима раҳо карда шуданд. Кормандони полис ду муҳоҷири тоҷикро бо иттиоҳми тақаллуби ҳуҷҷатҳо низ боздошт кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол дар қароргоҳи афроди мунтазири истирдод дар Голяново 586 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла, 10 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳ дошта мешаванд. Ба навиштаи Интерфакс, бархе аз онҳоро ба боздоштгоҳҳо интиқол доданд, аммо бар асари шароитҳои тоқатфарсо боздоштшудаҳо хоҳиш карданд, ки онҳоро ба лагери Голяново баргардонанд.

Амалиёти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ далелҳои фасод дар мақомоти полиси Маскавро ҳам ошкор месозад. Рӯзи чаҳоршанбе ду афсари полис - муовинҳои сардорони шӯъбаҳои умури дохилии Голяново ва Измайлово ва як корманди Хадамоти федеролии муҳоҷират бо иттиҳоми фасод ва хиёнат ба манфиатҳои хадамот боздошт шуданд. Ҳангоми тафтиш ошкор гардид, ки онҳо ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи заҳмати ғуломвори хориҷиён дар корхонаҳои пинҳонӣ мусоидат кардаанд.

Ёдовар мешавем, амалиёти «поккорӣ дар бозорҳо» баъд он шурӯъ шуд, ки рӯзи 27 июл маъмури пулис Антон Кудряшов ҳангоми талоши боздошти як нафари гумонбари таҷовуз ба номус дар бозори “Матвеевский”-и Маскав ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи қафқозиҳо қарор гирифт. Кудряшов то ҳол дар бемористони ба номи Бурденко таҳти табобат қарор дорад. Нафари гумонбар дар таҷовуз Магомед Магомедов, ки талоши боздошти ӯ дар бозор ба занозанӣ ва латукӯби афсари пулис мунҷар шуд, ҳамроҳ бо хоҳараш Ҳалимат Расулова ва шавҳари ӯ Магомед Расулов алакай дастгир шудаанд. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки ба пулис ҳамла карда, сари ӯро зада кафондаанд. Расулов ин иттиҳомро радд карда, гуфтааст, кормандони пулисро авбошони мусаллаҳ гумон бурдааст. Бар пояи ду банди Қонуни ҷиноии Русия (317 ва 318) ҳуҷум ба ходими пулис ҷурми ҷиддӣ арзёбӣ мешавад ва муҷрим метавонад ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба пояи як назарсанҷии ВСИОМ, Маркази умумируссиягии омӯзиши афкори омма, аз чаҳор се ҳиссаи сокинони Русия вуруди теъдоди бузурги муҳоҷирон аз дигар кишварҳоро "падидаи номатлуб" мехонанд. Назарсанҷӣ ҳокист, ки 74 дар сади шаҳрвандони Русия ин гуна ақида доранд, дар ҳоле, ки панҷ сол пеш теъдоди онҳо 68 дар сад буд. Миёни афроде, ки вуруди муҳоҷиронро номатлуб арзёбӣ кардаанд, сокинони Маскав ва Санкт-Петербург 84 дар сад ва ҷонибдорони ҳизби “Русияи боадолат” 85 дар сад будаанд. Ҳамагӣ 14 дар сади афроди пурсидашуда вуруди муҳоҷиронро чун “раванди мусбат” арзёбӣ кардаанд.

Ба иттилои муаллифони назарсанҷӣ, 53 дар сади сокинони Русия ҷонибдори шадидтар кардани қавонини муҳоҷиратанд. Зимнан, ҳашт сол пеш аз ташдиди ин қонун ҳамагӣ 40 дар сад ҷонибдорӣ мекарданд. Ҳамагӣ 6 дар сад ба осон кардани шароити вуруд ба Русия ва 5 дар сад аз лағви қонуни муҳоҷират моиланду халос. 20 дар сад мутмаинанд, ки ба ин қонун ягон тағйирот ворид кардан зарур нест. Аз шадидтар кардани қавонини муҳоҷират аз ҳама бештар (58 дар сад) сокинони шаҳрҳои на он қадар бузурги Русия пуштибонӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, 57 дар сади мусоҳибони ВСИОМ ба ҷонибдории шадидтар кардани қонунҳо ба хотири ҷилавгирӣ вуруди муҳоҷирон ба Русия аз кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ, давлатҳои ҷануб ва ҷанубу шарқ садо баланд кардаанд. Теъдоди ин гуна афрод дар Маскаву Санкт-Петербург (71 дар сад) ва шаҳрҳои бузург (68 дар сад) бештар аст. Миёни афроде, ки аз ташдиди қонуни ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ба Русия ҷонибдорӣ кардаанд, аъзои ҳизби либерал-демократии Русия бештаранд. 26 дар сади шаҳрвони Русия гуфтаанд, бояд аз вуруди афроде ҷилавгирӣ шавад, ки забони русиро намедонанд ва шаҳрвандони собиқи шӯравӣ нестанд.

ВСИОМ ин назарсанҷиро 13 ва 14 июли соли равон дар 130 шаҳру рустои 42 вилоят ва ҷумҳуриҳои қаламрави Русия баргузор кард. Дар назарсанҷӣ 1600 нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG