Пайвандҳои дастрасӣ

Рабояндагони писари Гелонӣ аз худ дарак доданд


Алӣ Ҳайдар Гелонӣ

Алӣ Ҳайдар Гелонӣ

Як гурӯҳи то ҳол ношиноси ошӯбгарон хабар дод, ки писари нахуствазири пешини Покистон Юсуф Ризо Гелониро рабудааст. Намояндаи гурӯҳи Бригадаи Ал-Мансурин ба Радиои Машъал шоми сешанбе гуфт, ки Алӣ Ҳайдар Гелонӣ гаравгони онҳост.

Писари нахуствазири пешин ду рӯз пеш аз интихоботи парлумонии рӯзи 11 май дар ҳамоиши ҳизбӣ дар зодгоҳаш шаҳри Мултон, воқеъ дар вилояти ҷанубии Панҷоб, рабуда шуд. Алӣ Ҳайдар Гелонӣ барои дарёфти курсии вакили маҷлиси маҳаллӣ талош мекард. Дар ҳамла ба Гелонӣ, ки рӯзи 9 май сурат гирифт, ёвари ӯ кушта шуд ва муҳофизаш ҷароҳат бардошт. Масъулияти ҳамларо он замон касе бар дӯш нагирифта буд.

Маълум нест, ки Бригадаи Ал-Мансурин бо кадом баҳо барои раҳоии писари нахуствазири пешин розӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG