Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама ширкаташ дар нишасти G20-ро таъйид кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, тайид кард, ки дар G20 - нишасти сарони бист кишвари пешрафтаи олам дар Русия ширкат мекунад, ҳарчанд аз тасмими Маскав барои дифоъ аз кормандони собиқи қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден сахт нороҳат аст.

Обама, ки шоми сешанбе бо хабарнигори як шабакаи телевизионии амрикоӣ сӯҳбат мекард, дар бораи эҳтимоли мулоқоти алоҳидааш бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар чаҳорчӯби ин нишаст чизе нагуфт. Кохи Сафед мегӯяд, ки алҳол зарурати мулоқоти Обама бо Путин баъд аз ироаи мақоми паноҳандагӣ дар Русия ба Сноуденро баррасӣ мекунад. Вашингтон аз Маскав хостори истирдоди Сноуден ба Амрико шудааст – корманди пешини хадамоти кашф дар ҷосусӣ ва ифшои иттилоъ дар бораи барномаи махфии ИМА айбдор мешавад.

Барак Обама ҳамчунин Русияро барои қабули қонуни муҷозоти ҳамҷинсгароҳо танқид кард. Ҳамзамон ӯ аз Русия барои саҳмаш дар Афғонистон ва дар муқовимат бо терроризм ситоиш намуд.
XS
SM
MD
LG