Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш баъд аз бозии футбол 11 кушта бар ҷой гузошт


Дар шаҳри Қарочии Покистон шаби гузашта бар асари таркиш дар назди майдончаи футбол дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Беш аз 20 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Миёни қурбониёни ҳодиса кӯдакону анврасони аз 6 то 15-сола ҳам ҳастанд. Бомбе, ки дар як мотосикл насб шуда буд, баъд аз анҷоми бозии футбол миёни ду дастаи наврасон инфиҷор кард.

Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ҳадафи ҳамла – вазири ҳукумати маҳаллӣ Ҷавод Наҳорӣ буд, ки ба хотири супурдани ҷоиза ба барандагони бозии футбол омада буд. Хабаргузориҳо ҳамчунин менависанд, ки таркиш дар маҳаллаи Лиорӣ ба вуқӯъ пайваст, ки он ҷо дафтари Ҳизби мардумӣ, ҳизби мухолифи ҳукумати Покистон, ҷойгир аст.

Хабаргузории Reuters менависад, ки бозии футбол баъд аз ифтор баргузор шуд ва аз ин рӯ дар назди майдончаи футбол теъдоди зиёди одамон ҷамъ омада буданд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG