Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Э.Раҳмон ба шукру сарфакорӣ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионӣ мардуми кишварарашро бо поёни моҳи шарифи Рамазон ва расидани иди саиди Фитр табрик гуфт. Эмомалӣ Раҳмон “расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ”-ро аз фазилату ҳикматҳои иди Фитр ном бурда, мардумро ба шукргузорӣ ва шинохтани қадри неъматҳое, чун сулҳ, истиқлол ва ваҳдати миллӣ даъват кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, эҳёи иду маросими миллӣ, аз ҷумла идҳои мусалмонӣ, бо шарофати истиқлоли Тоҷикистон муяссар шуд. Оқои Раҳмон ҳамчунин аз мардум хостаааст, ки “мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне некиву накӯкорӣ, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем.”
Бино ба ҳисобҳо, то 97 дарсади аҳолии Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд. Бо қарори Шӯрои уламо, иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 8 август таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG