Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи Олмон ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон


Олмон ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки ба марзи Афғонистон наздик нашаванд. Вазорати корҳои хориҷии Олмон дар сомонаи расмии худ рӯзи 6-уми август оид ба натиҷаи як мониторинги вазъи бехатарӣ дар кишварҳои ҷаҳон гузориш дода, барои шаҳрвандони Олмон дар Тоҷикистон тавсия додааст, ки аз мавзеъҳои марзии Афғонистон дурӣ ҷӯянд. Ин тавсиянома ба хотири амнияти шаҳрвандони Олмон ва аз эҳтимоли боздошт ва гаравгон афтодан дар дасти гуруҳҳои мусаллаҳи ношинос дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон нашр шудааст. Дар ин тавсиянома Вазорати хориҷаи Олмон ба шаҳрвандони кишвари худ машварат медиҳад, ки умуман ба марзи Афғонистон бо Тоҷикистон наздик нашаванд ва барҳазар бошанд. Вазорати хориҷаи Олмон пайваста вазъи кишварҳои ҷаҳонро аз нигоҳи амниятӣ бозрасӣ намуда тавсия медиҳад, ҳангоми сафар ба хориҷа аз кадом минтақаҳои ноором ва бесубот худдорӣ кунанад. Дар ин тавсиянома ҳамчунин ба шаҳрвандони Олмон, аз ҷумла ба сайёҳон, машварат дода шудааст, ки ба Ингушистон, Чеченистон, Доғистон, Осетияи шимолӣ ва Қабардину Балқар сафар накунанд, зеро эҳтимоли даргириҳои гуруҳҳои мусаллаҳ ва бо мақсади ба даст овардани маблағ, хатари гаравгонгирӣ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG