Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Амрикову Русия мулоқот мекунанд


Мақомоти Амрико мегӯянд, мулоқотҳои барномарезишуда бо вазирони дифоъ ва умури хориҷии Русия дар Вашингтон сурат хоҳад гирифт. Мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳида бо шарти ишфо накардани номашон гуфтаанд, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷӣ ва Чак Ҳейгел, вазири дифоъи Амрико рӯзи ҷумъа бо ҳамтоёни руси худ, Сергей Лавров ва Сергей Шойгу, дар Вашингтон мулоқоти муштарак хоҳанд дошт. Аз ин пеш равобити Амрикову Русия бинобар қазияи Эдвард Сноуден, маъмури собиқи иттилоотии Иёлоти Муттаҳида латма дид. Русия ба Эдвард Сноуден ҳаққи паноҳандагии яксола дод ва баъди ин бино ба гузоришҳо, Барак Обама хостааст, аз мулоқоти моҳи оянда бо Владимир Путин дар Маскав даст кашад. Вашингтон мехоҳад, Эдвард Сноуденро барои ифшо кардани барномаҳои бузурги махфии ҷосусии Иёлоти Муттаҳида дар Интернет ва забти сӯҳбатҳои телефонӣ дар додгоҳ муҳокима кунад.
XS
SM
MD
LG