Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати раҳбари Толибон аз мардуми афғон


Мулло Умар, раҳбари Толибон, интихоботи ояндаи раёсатми ҷумҳурии Афғонистонро “талаф додани вақт” хонда ва аз мардум хостааст, ба раъйдиҳӣ нараванд. Амрико ва ҳампаймонҳояш интихоботи моҳи апрели соли 2014-ро барои амнияти Афғонистон фавқуллода муҳим медонанд. Қарор аст, то охири соли оянда аксари нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд. Ҳузури мардуми пашту дар интихобот, ки Толибон аксаран ба онҳо такя мекунанд, барои натиҷаҳои ин корзори сиёсӣ бисёр муҳим аст. Мулло Умар, рӯзи сешанбе дар як баёнияе ба муносибати Иди Рамазон гуфтааст, ки Толибон хоҳони инҳисори қудрат дар Афғонистон нестанд, балки мехоҳанд, “бо тамоми афғонҳо дар бораи як ҳукумати фарогири бунёдёфта бар усулҳои исломӣ” ба мувофиқа бирасанд.
XS
SM
MD
LG