Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатҳои ғарбӣ Яманро муваққатан тарк мегӯянд


Вазорати умури хориҷии ИМА изҳор намуд, ки бар асари таҳдиди ҳамлаи террористӣ кормандони сафорати кишвар дар Яманро ба ҷойи амн интиқол медиҳад.

Масъулини Департаменти давлатӣ ҳамчунин аз ҳама шаҳрвандони амрикоӣ даъват карданд, ки фавран Яманро тарк намоянд.

Тасмим дар бораи интиқоли кормандони сафорат ба ҷойи амн дар ҳоле гирифта шуд, ки рӯзи якшанбе 19 сафорату консулгариҳои Амрико дар Ховари Миёна ва Африқо муваққатан баста шуданд. Аз ин пештар гуфта мешуд, хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯи телефонии раҳбари “Ал-Қоида” Аймон Ал-Завоҳирӣ ва раҳбари бахши ямании Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабистон Носир ал-Ваҳиширо дастрас кардааст, ки бар пояи он террористҳо ҳамла ба муассисаҳои амрикоӣ дар минтақаро тарҳрезӣ намудаанд.

Ҳушдори вазорати умури хориҷаи ИМА баъд аз он нашр шуд, ки аз Яман дар бораи бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар вилояти шарқии Мариб кушта шудани чаҳор узви эҳтимолии “Ал-Қоида” хабар расид. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳадди аққал ду нафари онҳо аъзои аршади созмони Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабистон буданд.

Бритониё, Фаронса, Олмон ва Норвегия низ баъзе намояндагиҳои дипломатии худ дар минтақаро бастаанд. Мақомоти Бритониё гуфтанд, ки ҳама кормандони сафоратро аз шаҳри Санъо, пойтахти Яман, фаро хондаанд.

Майкл Маккол, раиси Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, ИМА эҳтимолан ба бузургтарин хатари эҳтимолӣ баъд аз ҳаводиси 11 сенибяри соли 2001 рӯ ба рӯ шудаааст.

Рӯзи душанбе намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА Мэрӣ Ҳарф гуфт, ки ҳадаф аз андешидани чораҳои оҷили амниятӣ – дифоъ аз шаҳрвандони мо, муассисаҳои мо, ва муштариёни сафоратҳо дар хориҷа буд. Мансабдорони амрикоӣ дар бораи чӣ гунагии таҳдид ва ҳадафе, ки бояд мавриди ҳамла қарор бигирад, чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли гузашта ба дунболи ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Либия, Миср ва Яман мақомоти Амрико аз шаҳрвандони худ дар кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла дар Тоҷикистон хоста буд, ки "ҳушёр бошанд". Он замон ба дунболи тазоҳурот алайҳи филме, ки дар он паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад истеҳзо шуда буд, дар бархе аз кишварҳои исломӣ мардум тазоҳурот карданд. Аз ҷумла, дар ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либия, сафири ИМА ва се амрикоии дигар кушта шуданд.

Қарор аст, ки сафоратҳои Амрико дар кишварҳои мусалмоннишин ҳадди аққал бо поёни моҳи шарифи Рамазон баста боқӣ монанд.
XS
SM
MD
LG