Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ: Дипломатия музокиротро аз бунбаст берун мекашад


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нави Эрон мегӯяд, ки Теҳрон омода аст бо кишварҳои ғарбӣ роҷеъ ба барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии худ ба таври ҷиддӣ ба музокира биншинад. Оқои Рӯҳонӣ баъд аз гирифтани зимоми қудрат бори нахуст рӯзи сешанбе дар Теҳрон нишасти хабарӣ баргузор кард.

Рӯҳонӣ гуфт, барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон замоне ҳал хоҳад шуд, ки агар ҳамаи ҷонибҳо “иродаи сиёсӣ” нишон диҳанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки “гуфтугӯҳои созанда” метавонад ҳар ду ҷонибро ба пирӯзӣ расонад.

Раиси ҷумҳури нав гуфт, ки Амрико то ҳол ба Теҳрон “ишораҳои духӯра” кардааст ва таҳримҳои ахир бар зидди Эрон натиҷаҳои баръакс ба бор овардааст. Рӯҳонӣ гуфтааст, ки на таҳдиди таҳримҳои оянда, балки дипломатия музокиротро аз бунбаст берун мекашад.
XS
SM
MD
LG