Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Сайри дастрасӣ"-и Душанбе барои маълулон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 7 август дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар чорчӯби барномаи «Душанбе - шаҳри амну дӯстӣ» “Сайри дастрасӣ дар шаҳр” доир мешавад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаи дастрасии зербинои пойтахти Тоҷикистон барои мардуми маълул ва мусоидат ба тасвиби Паймони ҳуқуқи маълулон аз сӯи Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҷовидшо Ҷӯраев, ҳамоҳангсози ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадафи асосии ин сайрро ҷалби таваҷҷуҳи масъулин ба мушкили маълулон ва омӯхтани таҷрибаи мутахассисони маълул унвон кард. То кунун аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Туркманистон ин Паймонро тасвиб кардааст. Кишварҳо бо тасвиби ин санад муваззаф мешаванд, барои маълулон зербинои лозимро фароҳам биоранд. Шумори афроди маълул дар Тоҷикистон ҳудуди 160 000 нафар ҳисоб мешавад, ки аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдор нестанд.
XS
SM
MD
LG