Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Сурия як пойгоҳи ҳавоиро ба ғанимат дароварданд


Гурӯҳи нозирони мухолифони Сурия мегӯяд, ки шӯришиён як пойгоҳи ҳавоии муҳимро дар вилояти Ҳалаб дар ҷараёни задухурдҳои тӯлонӣ ба тасарруфи худ даровардаанд. Бино ба хабари гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия, дар ин пойгоҳ бо номи Минниғ ҳамчунин яке аз бахшҳои ҷиҳодии Ал Қоида мутақар буданд.

Шӯришиён барои ба даст овардани ин пойгоҳи низомӣ бо нируҳои режими Башор Асад тақрибан 8 моҳ мубориза карданд. Ин амалиёт бахше аз нақшаҳои нируҳои шӯришиён буд, то бо тасарруфи пойгоҳи Минниғ аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои нируҳои Башор Асад ба мавозеи шӯришиён пешгирӣ кунанд.

Минниғ дар шимоли Ҳалаб дар наздикии марз бо Туркия воқеъ аст ва дар он ҷо чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои тамринӣ нигаҳ дошта мешаванд.
XS
SM
MD
LG