Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол тамом ва хобгоҳ хусусӣ шуд


 Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд.
Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд.
Даҳҳо сокини хобгоҳи оилавии корхонаи хусусии “Сирандуд” дар Хуҷанд баъди сеюним соли талош билохира ба хусусӣ кардани ҳуҷраҳои худ даст ёфтанд. Раҳбари корхонаи “Сирандуд” корхонаву хобгоҳашро моли худ гардонида, қасд доштаст аз соҳибони манзилҳои хобгоҳи оилавии 5 ошёнаи он пули арзиши ҳуҷраҳоро рӯёнад ё онҳоро берун ронад.

Соҳибони манзилҳои хобгоҳи корхонаи “Сирандуд” мегӯянд, аммо онҳо даст болои даст нанишаста, барои аз даст надодани манзилҳои худ солҳо бо роҳҳои қонунӣ талош карданд. Ин хобгоҳи оилавӣ дар маҳаллаи 3 – юми канори шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст ва соҳибони ҳудуди 40 манзили дуҳуҷрагии он коргарони собиқадори корхонаи мазкур ҳастанд.

Марҳамат Саидова, яке аз онҳо, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар корхонаи “Сирандуд”, ки зарфҳои сирдор мебаровард, аз соли 1990 то 2005, замони пурра қатъ шудани фаъолияти корхона кор мекард: “Расо даводавӣ кардем, сею ним сол, ки соҳиби хонаҳои худамон шавем. Раҳбари корхона баъди аз кор мондани он, соли 2005 онро хусусӣ карда, аз мо маблағи иҷора мегирифтанд. Аммо бо дастгирии ҳукумату додгоҳи иқтисодӣ соли 2011 хобгоҳи моро дар ихтиёри ҳукумати Хуҷанд гузоштанд. Як сол баъд ордер (санади моликият) ба ҳуҷраи хобгоҳ, сонӣ ба манзили истиқоматиро ба даст овардем. Имсол дар корхонаи фаръии ба қайдгирии техникӣ ҳуҷҷатҳоро ба расмият дароварда истодаем, ҳоло наздики 30 кас соҳиби ҳуҷҷати хонаи худӣ шуданд.”

Номбурда афзуд, тӯли ин солҳо вай ҳамроҳи ду фарзандаш дар хобгоҳи корхона ба сар мебарад. Онҳо мегӯянд дар инҷо оддат кардаанд ва дил канда наметавонанд. Аз сӯи дигар, бештари бошандагон, коргарони собиқи корхонаи “Сирандуд” барои харидани манзили дигар пул ҳам надоранд ва хобгоҳи корхонаи собиқи худ барояшон ягона сарпаноҳ аст, ки аз даст додан намехоҳанд. Ин мушкил онҳоро водор мекард баъди хусусӣ шудани корхонаву таҳдиди ба кӯча рондани онҳо барои соҳибӣ зери боми хобгоҳи умумумии худ бо роҳҳои қонунӣ мубориза баранд.

Вале Раҷаббой Каримов, раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ҳукумат манзилҳоро ройгон ва бо нархҳои рамзӣ дар ихтиёри коргарон гузоштааст: "Мо хобгоҳи оилавиро аз корхона ба ихтиёри ҳукумати шаҳр гирифтем. Ва манзилҳои онро касоне, ки он ҷо солҳои сол зиндагӣ мекунанд, ба тариқи бонус харида гирифтанд.”

Аммо ба гуфтаи Марҳамат Саидова, танҳо 5 нафар барои хариди манзилҳои худ чандсад сомонӣ маблағ пардохт намуда, бори дигар ба бошандагон хонаҳо ройгон тақдим карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки манзили 2 ҳуҷрадор дар Хуҷанд ҳудуди 20 ҳазор доллар арзиш дорад ва на ҳама тавони харидани онро доранд.

Манзили собиқ корхонаи “Сирандуд” дар Хуҷанд аз камшумор хобгоҳҳои оилавиест, ки охири солҳои 80 - уми асри гузашта давлат барои коргарон бунёд кардаву то соли охир сари соҳибӣ миёни сокинону раҳбари корхона талош мерафт.

Моҳи июн дар заминаи корхонаи “Сирандуд” корхонаи муштараки тоҷикию туркии “Офарин Алюминиум” фаъол шуд, ки солона аз 3 ҳазор тон алюминийи тоҷик масолеҳи сохтмонии профил истеҳсол мекунад.
XS
SM
MD
LG