Пайвандҳои дастрасӣ

Дар марз бо Покистон 5 сарбози Ҳиндустон кушта шуд


Марзи Ҳиндустону Покистон дар Ҷамму ва Кашмир

Марзи Ҳиндустону Покистон дар Ҷамму ва Кашмир

Мақомоти расмии Ҳиндустон мегӯянд, ки нируҳои Покистон дар имтидоди марзи муштарак дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир 5 сарбози Ҳиндустонро ба қатл расондаанд. Умар Абдулло-вазири аршади Кашмир рӯзи сешанбе гуфт, ин ҳодиса дар имтидоди хатти назорат, ки амалан дар шимол марзи миёни ду кишвар дониста мешавад, рух додааст.

Муҳаммад Фазл-раиси Шӯрои деҳоти Пунчи Ҷамму ва Кашмир мегӯяд:

“Ин гуна тирандозиҳо дар марз вазъи минтақаро хароб мекунад. Мардуми ин деҳа дар биму ҳарос ба сар мебаранд. Баъзе одамон дар масҷид ба намоз нишаста буданд ва кӯдакон дар хонаҳо аз садои баланди тир аз тарс мегиристанд”

Низомиёни Ҳиндустон ин ҳамларо “нақзи хашин”-и мувофиқатномаи оташбаси соли 2003 арзёбӣ карданд. Аммо як мақоми артиши Покистон чунин ҳамларо рад кардааст ва гуфтааст, дар марз ҳодисае рух надодааст.

Гузориш дар бораи ин ҳамла баъд аз чанд рӯзи пешниҳоди Покистон дар бораи аз сар гирифтани музокироти сулҳ бо Ҳиндустон пахш шуд. Музокироти сулҳ моҳи январ қатъ гардид, вақте ки дар ҳамлае сари як сарбози ҳиндро аз танаш ҷудо карданд.
XS
SM
MD
LG