Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси замини Арчабек Орзуев бо мақомоти Нуробод


Як сокини ноҳияи Нуробод дар як ариза аз додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода хостааст, ба баҳси ӯ бо мақомоти маҳаллӣ бар сари 5 гектар замин дахолат кунад.
Арчабек Орзуев, сокини деҳаи Таги камари ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод акси писари латукӯбшудааш дар даст ба дафтари Озодӣ омад ва гуфт, мақомои маҳаллӣ ҳамроҳ бо чанд ҳамдеҳааш ӯву аҳли хонаводаи ӯро азият ва ҳатто латукӯб мекунанд, то аз баҳри 5 гектар замини хоҷагии деҳқониаш гузарад: «Ман соҳибкор ҳастам ва бо фарзандонам метавонам аз ӯҳдаи кишти замину парвариши боғ бароям, вале инҳо мехоҳанд ин заминро аз дасти ман бигиранд. Борҳо ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардам вале ҳеҷ чораҷуӣ накарданд.»
Аммо муовини раиси ноҳияи Нуробод Раҳмиддин Ғаффоров рӯзи 6 август ба Радиои Озодӣ гуфт, Орзуев ва фарзанди ӯро касе латукӯб накардааст, балки баръакс аъзои хонаводаи ӯ нисбат ба намояндаи ҳукумати ноҳия, милиса, прокурор рафтори қабеҳ кардаанд. «Азбаски ҳуҷҷатҳои онҳо ба доираи қонун мувофиқат намекард, Додгоҳи олии иқтисодӣ муҷаввизи хоҷагии деҳқонии онҳоро бекор кард ва инҳо ҳуқуқи соҳибӣ ба ин заминро аз даст доданд. Ҳоло бародарзодаи онҳо дар ин замин кор мекунад ва хусумати аслӣ миёни тағо ва ҷиянҳост,» - гуфт Ғаффоров.
Бино ба омори додситонии кулли Тоҷикистон, 60 дарсади баҳсҳои додгоҳӣ дар ин кишвар ба масъалаи замин, аз ҷумла марбут ба тақсими нодурусти қитъаҳои наздиҳавлигист.
XS
SM
MD
LG