Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Қазоқистон: Аблязов бояд баргардонида шавад


Мухтор Аблязов

Мухтор Аблязов

Додситонии кулли Қазоқистон изҳор доштааст, ки Мухтор Аблязов-ғули иқтисодӣ бояд ба Қазоқистон баргардонида шавад. Аблязов аз мухолифони ошкорои Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури кишвар аст ва ҳафтаи гузашта дар ҷануби Фаронса боздошт шуд. Додгоҳи Фаронса тасмим гирифтааст, ки вайро 40 рӯз дар боздошт нигоҳ дорад.

Сухангӯи додситонии кулли Қазоқистон рӯзи сешанбе ба рӯзноманигорон эътироф кард, ки Қазоқистон бо Фаронса дар бораи истирдодои шаҳрвандонаш қарордод надорад, вале ин масъаларо бо Русияву Украина ва кишварҳои дигари узви муоҳидаи Аврупо дар бораи истирдод баррасӣ мекунад.

Ҳоло додситонҳои Фаронса дархости Украинаро дар бораи истирдоди Аблязов баррасӣ мекунанд.

Аблязов бонкдори пешини сарватманди Қазоқистон ва аз мухолифони пурнуфузи Назарбоев аст, ки соли 2009 аз ин кишавар фирор кард ва то соли 2011 дар Британия ба сар бурд. Вай дар Қазоқистону Русия ва Украина барои дуздии пул муттаҳам дониста мешавад. Вале худаш ин иттиҳомотро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG