Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиши бомб дар қатора як кӯдак ҷон бохт


Дар Покистон бар асари таркиши бомб дар қатора як кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расид ва 14 нафар маҷрӯҳ шуданд. Вазъи се нафар аз осебдидагон вахим арзёбӣ мешавад.

Таркиш дар қатора дар наздикиҳои шаҳри Тоба-Тех-Сингҳ дар музофоти Панҷоб рӯй дод. Қатора аз шаҳри Лоҳур сӯи шаҳри Карочӣ ҳаракат мекард. Саъд Рафиқ, вазири нақлиёти роҳи оҳани Покистон гуфт, ки бомб дар дастшӯии вагон ҷойгузорӣ шуда буд. Мақомоти Покистон таркишро чун “амали террористӣ” арзёбӣ карданд.

Масъулияти таркишро ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG