Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 600 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар Долгопрудное


Дар як амалиёти вижаи пулис дар шаҳри Долгопрудное, воқеъ дар канори Маскав, рӯзи 5 август беш аз 600 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шуданд. Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, ҳамаи онҳо дар як анбори бузурги меваю сабзавот кор мекарданд.

Раёсати умури дохилаи Маскав мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар бозорҳои пойтахт 1436 тан аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд. Беш аз 4,5 ҳазор муҳоҷир мавриди тафтиши кормандони полис қарор гирифтаанд. Фақат дар як амалиёт дар шарқи Маскав 1200 шаҳрванди Вйетнам дастгир шуданд, ки дар 20 коргоҳи ғайриқонунӣ ба тавлиди либосҳои тақаллубӣ машғул буданд. Дар ҳамон минтақа 200 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Миср, Марокаш, Сурия, Ӯзбакистон ва Озарбойҷон низ ҳангоми кор дар корхонаҳои бидуни иҷоза ошкор шуданд. Бархе аз онҳо ба қароргоҳи муҳоҷирон дар Голяново интиқол ёфтанд ва аз он ҷо ба ватанашон истирдод мешаванд.

Ба иттилои нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, қарор аст, ки дар сартосари Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ 83 қароргоҳ таъсис шавад.
XS
SM
MD
LG